Хусусиятҳои хоси бастани ақди никоҳ қатъи ақди никоҳ. Беэътибории ақди никоҳ.

administrator
  • 2 хонандаҳо
  • 6 дарс(ҳо)
  • 2 тест(ҳо)
  • 10 ҳафта давомнокӣ
2 хонандаҳо

1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ОМӮЗИШӢ
Мақсади омӯзиши мавзӯи мазкур:

• Омӯзиши тартиб ва шартҳои бастани ақди никоҳ, ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд ва муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, қатъи ақди никоҳ, беэътибории ақди никоҳ тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи дониш дар амалия.
•Ёрии ҳуқуқии касбӣ дар масъалаҳои тартиб додани аризаҳои даъвогӣ оиди бекор кардани ақди никоҳ, беэътибор донистани никоҳ, тағйир додани шартҳои аҳднома, ариза дар бораи кам кардани синни никоҳӣ бо нишон додани ҳолатҳои истисноӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар суд.
•Татбиқи дурусти қонунгузории миллӣ оиди тартиб ва шартҳои бастани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ, дуруст муайян намудани ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд ва риояи муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда дар муассисаҳои тандурустӣ, бастани ақди никоҳ ва қатъи он, беэътибории ақди никоҳ ва татбиқи он дар амалия.
•Баланд бардоштани аҳамияти мушкилоти риояи қонунгузории ҷорӣ дар амалия ва таклифу тавсия оиди такмили он бо мақсади пешниҳоди онҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ.

Вазифаҳои барномаи омӯзишӣ:
• Такмил ва ташаккули касбияти ҳуқуқшиносон дар масоили татбиқи дурусти қонунгузории оила оиди тартиб ва шартҳои бастани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ, дуруст муайян намудани ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд ва риояи муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда дар муассисаҳои тандурустӣ,
• Такмил ва ташаккули касбияти ҳуқуқшиносон оид ба масъалаҳои қатъи он, беэътибории ақди никоҳ ва татбиқи он дар ҷараёни расонидани ёрии ҳуқуқӣ риояи қонунгузории ҷорӣ, мусоидат дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва такмили он тавассути пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ,
• Гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ вобаста ба масъалаҳои бастани ақди никоҳ, қатъи ақди никоҳ, беэътибории ақди никоҳ; санатсияи ақди никоҳ.
• Арзёбии донишҳо ва малакаи шунавандагон.

Натиҷаҳои мунтазиршаванда аз барномаи омӯзишӣ:

 Бо анҷоми барномаи омӯзишӣ иштирокчиёне, ки ба ҷараёни таҳсилот фаро гирифта шуданд, дорои малакаи зерин мегарданд:
• дарки эҷодии паҳлуҳои мухталифи қонунгузории оилавӣ вобаста ба бастани ақди никоҳ ва қатъи он; беэътибории ақди никоҳ;
• татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ вобаста ба бастани ақди никоҳ ва қатъи он, беэътибории ақди никоҳ дар шакли расонидани ёрии ҳуқуқии амалӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ба муроҷиаткунандаҳо вобаста ба ёрии ҳуқуқии ройгон;
• истифода ва татбиқи таҷрибаи беҳтари қонунгузории оилавӣ оиди бастани ақди никоҳ ва қатъи он; беэътибории ақди никоҳ дар таъмини ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд;

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994.
2. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948.
3. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон .- Душанбе“Шарқи озод”, 2009.
4. Усмонов О., М.Маҳмудов. Ҳуқуқи оилавии ҶТ. Китоби дарсӣ.-Душанбе, 1994.
5.Усмонов О.У. Никоҳ, оила, ахлоқ ва қонун.-Д.:Ирфон, 1994.
6.Маҳмудзода М., Худоёрзода Б. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”,2015.
7. Маҳмудов М.А. Никоҳ: ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон.-Душанбе, Маориф, 1996
8.Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Тафсири Кодекси оилаи ҶумҳурииТоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”, 2013.
11.Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе “ЭР-граф”, 2013 .

Санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии истифодашуда:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, 2006
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», 2004.
3.ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011.
4.Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2009 «Оид ба парванда аз рӯи пешниҳоди судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе «Дар бораи муайян кардани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»// Ҷумҳурият аз 25 июли соли 2009.

1.Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ “аз 29 майи соли 2003, №10.
2. Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи парвандаҳои оилавие, ки аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд» аз 23 июни соли 2010, №31.

МУҚАДДИМА
Оила дар заминаи муносибатҳои никоҳии зану мард ба миён омада, он асоси ҷомеаро ташкил медиҳад. Оила дар ҳар давру замон дар ташаккули давлатдорӣ, худшиносии миллии ҷомеа, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, қадршиносии урфу одат ва расму оинҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Зеро оила зинаи аввали ташаккули инсоният ба шумор рафта, шакли ҳастии инсонро муайян менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: ”Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва якдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.
Қонунгузории оила муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии зану шавҳар, падару модар ва фарзандонро ба танзим даровардааст. Мафҳуми оила ба ду маънои асосӣ- иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ба маънои иҷтимоӣ оила ин доираи шахсоне, ки бо бастани никоҳ хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак асос ёфта, ҳаёти якҷоя, манфиатҳо ва ғамхории тарафайнро ифода менамояд. Ба маънои ҳуқуқӣ бошад, оила ин иттифоқи шахсоне, ки ҳуқуқу уҳдадориҳояшон аз муносибатҳои никоҳӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани фарзанд, фарзандхондӣ ва ғайраҳо ба миён омада, бо ҳам пайванд мебошанд.
Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принципҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
Ҳамзамон, қонунгузории оилавӣ шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар намуда, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар, фарзандон ва дигар аъзои оила; муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхондӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон ба миён меоянд, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари оилавиро ба танзим даровардааст.
Тибқи талаботи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дошта, ҳангоми расидан ба синни никоҳӣ ҳуқуқ дорад озодона ақди никоҳ бандад. Зану марди издивоҷкунанда ҳангоми ба расмият даровардани муносибати худ дар мақомоти САҲШ, уҳдадоранд шартҳои бо қонунгузории оилавӣ пешбинигардидаи бастани ақди никоҳро риоя намоянд.
Мустаҳкам намудани оила ва инкишофи муносибатҳои муътадил дар оила дар низоми вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ дар мадди аввал қарор дорад. Зеро қонунгузории оилавӣ бо роҳи муқаррар намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар талаб менамояд, ки онҳо уҳдадориҳои оилавии худро ба таври дахлдор иҷро намуда, ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми якдигар ва дигар аъзоёни оила, аз ҷумла аъзои ғайриқобили меҳнати оила муносибати ҷиддӣ намоянд.
Қонунгузории оилавӣ дар асоси принсипҳои муҳиме, ки муносибатҳои оилавӣ ба он такя мекунад, асос ёфтааст: ихтиёрӣ будани акди никоҳи зану мард; баробарҳуқуқии зану мард дар оила; ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо; афзалияти тарбияи кӯдак дар оила, ғамхорӣ нисбат ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли кӯдак, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайриқобили меҳнати оила; якканикоҳӣ (моногамия) ва озодона бекор кардани ақди никоҳ зери назорати давлат.
Тартиби умумии қатъи ақди никоҳро қонунгузории оилавӣ ва мурофиаи гражданӣ пешбинӣ намудааст. Тартиби қатъи ақди никоҳ амалӣ намудани ҳуқуқи зану шавҳарро ба талоқ кафолат дода, иродаи озоди зану шавҳарро дар мавриди аввал гузоштааст, яъне қонунгузории оилавӣ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳалли бебаҳси қатъи ақди никоҳро ба танзим даровардааст. Ҳамзамон дар суд қатъи ақди никоҳ бо роҳи бекор кардани он кафолат дода шудааст.
Аз ҷониби давлат барои ҳимояи оила, ки асоси ибтидоии ҷамъият аст диққати махсус дода мешавад. Риоя кардани тартиб ва шартҳои бастани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ, риояи меъёрҳои мурофиавии гражданӣ ҳангоми пешниҳоди аризаи даъвогӣ ба суд оиди бекор кардани ақди никоҳ, баррасии он дар асоси талаботи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ мусоидат менамояд, ин пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд дар амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои ӯ вобаста ба бастани ақди никоҳ ва бекор намудани он озод буданаш кафолат медиҳад.
Барномаи таълимӣ (Модул) дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси бастани ақди никоҳ. Қатъи ақди никоҳ. Беэътибории ақди никоҳ.” Барои бозомӯзии ҳуқуқшиносон, кормандони САҲШ, судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо аҳамият дорад. Машғулиятҳое, ки тибқи барномаи (модули) таълимии мазкур амалӣ мешаванд, барои омӯзиши мафҳум ва моҳияти бастани ақди никоҳ ва қатъи он, беэътибории ақди никоҳ ба ҳуқуқшиносон ва ҳам кормандони САҲШ, судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо аҳамияти муҳим дорад. Модули мазкур махсусан баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши назариявии ҳуқуқшиносон, кормандони САҲШ, судяҳо, прокурорҳо ва адвокатҳо дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои зану шавҳар, дигар аъзоёни оила мусоидат намуда, метавонад то андозае нақши мусбии худро гузорад.

0.00 миёна аз асоси 0 рейтинги

5 Ситора
0%
4 Ситора
0%
3 Ситора
0%
2 Ситора
0%
1 Ситора
0%
Ройгон