Фарзандхондӣ ва хусусиятҳои хоси он дар замони муосир.

administrator
  • 3 хонандаҳо
  • 6 дарс(ҳо)
  • 2 тест(ҳо)
  • 10 ҳафта давомнокӣ
3 хонандаҳо

1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ОМӮЗИШӢ

Мақсади омӯзиши мавзӯи мазкур:
• Омӯзиши моҳият ва аҳамияти фарзандхондӣ, тартиб ва шартҳои фарзандхондӣ, ҳолатҳое, ки монеаи фарзандхондӣ мегарданд ва номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, бекор ва беэътибории фарзандхондӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он, уҳдадориҳои мақомоти васояту парасторӣ зимни фарзандхондӣ тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи ҶТ ва истифодаи дониш дар амалия.
•Ёрии ҳуқуқии касбӣ дар масъалаҳои тартиб додани аризаҳо оиди фарзандхондӣ, ҳамзамон тағйир додани ному насаб, сана ва маҳалли таваллудикӯдаки фарзандхондшуда, аризаҳои даъвогӣ оиди бекор кардан, беэътибор донистани фарзандхондӣ,оқибатҳои ҳуқуқии онҳо ва ҳуқуқикӯдаки фарзандхондшуда ва ҳимояи ҳуқуқи ондар суд.

•Татбиқи дурусти қонунгузории миллӣ ҳангоми тартиб додани аризаҳо оиди фарзандхондӣ бо риояи шартҳои фарзандхондӣ, дуруст муайян намудани ҳолатҳое, ки монеаи фарзандхондӣ мешавандаризаҳои даъвогӣ оиди бекор ва беэътибории фарзандхондӣ, нигоҳ доштани маҳрамияти фарзандхондӣ, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар мақомоти САҲШ ва татбиқи он дар амалия.
•Баланд бардоштани аҳамияти риояи қонунгузории ҷорӣ дар амалия ва таклифу тавсия оиди такмили он бо мақсади мушкилоти вориди тағйиру иловаҳо ва пешниҳоди онҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ.

Вазифаҳои барномаи омӯзишӣ:
• Такмил ва ташаккули касбияти ҳуқуқшиносон дар масоили татбиқи дурусти қонунгузории оила оиди тартиб додани аризаҳо оиди фарзандхондӣ, замимаи ҳуҶҶатҳо ба онҳо, ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондшуда ва ҳуқуқу уҳдадориҳои фарзандхондагон, иштирок дар суд оиди ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ҳалли проблемаҳои дар раванди фарзандхондӣ ба миён омада.

• Такмил ва ташаккули касбияти ҳуқуқшиносон оид ба масъалаҳои аризаҳои даъвогӣ оиди бекор ва беэътибории фарзандхондӣ, замимаи ҳуҷҷатҳо ба онҳо, қатъи он, беэътибории ақди никоҳ ва татбиқи он дар ҷараёни расонидани ёрии ҳуқуқӣ риояи қонунгузории ҷорӣ, мусоидат дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва такмили он тавассути пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ,

• Гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ вобаста ба масъалаҳои фарзандхондӣ.
• Арзёбии донишҳо ва малакаи шунавандагон.

Натиҷаҳои мунтазиршаванда аз барномаи омӯзишӣ:
 Бо анҷоми барномаи омӯзишӣ иштирокчиёне, ки ба ҷараёни таҳсилот фаро гирифта шуданд, дорои малакаи зерин мегарданд:
• дарки эҷодии паҳлуҳои мухталифи қонунгузории оилавӣ вобаста ба фарзандхондӣ ва аҳамияти он;
• татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ вобаста ба фарзандхондӣ,бекор ва беэътибории фарзандхондӣва оқибатҳои ҳуқуқии он, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳо дар шакли расонидани ёрии ҳуқуқии амалӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ба муроҷиаткунандаҳо вобаста ба он;
• истифода ва татбиқи таҷрибаи беҳтари қонунгузории оилавӣ оиди фарзандхондӣ, тартибу шартҳои он, бекор ва беэътибории фарзандхондӣ дар таъмини ҳимояи ҳуқуқи кӯдак;

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994.
2. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948.
3. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон .- Душанбе“Шарқи озод”, 2009.
4. Усмонов О., М.Маҳмудов. Ҳуқуқи оилавии ҶТ. Китоби дарсӣ.-Душанбе, 1994.
5.Усмонов О.У. Никоҳ, оила, ахлоқ ва қонун.-Д.:Ирфон, 1994.
6. Маҳмудзода М., Худоёрзода Б. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”,2015.
7. Маҳмудов М.А. Никоҳ: ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон.-Душанбе, Маориф, 1996
8. А.М.Нечаева. Ҳуқуқи оила. Москва.Юрист.2008.
9.Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”, 2013.
13.Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”, 2013.
14.Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”-Душанбе“ЭР-граф”, 2019.

Санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии истифодашуда:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, 2015.
2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” 2006.
3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011.
4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи боҷи давлатӣ», 2004.

1. Қарори Пленуми СудиОлии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба парвандаҳо оид ба фарзандхондӣ” аз 2 октябри соли 2003 №17.
2. Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи парвандаҳои оилавие, ки аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд» аз 23 июни соли 2010, №31.

МУҚАДДИМА
Ҳар сол рӯзи 1 июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар асл кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, риояи ҳуқуқ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он барои ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва руҳии кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоид ба таълиму тарбияи онҳо, дар оила тарбия ва ба камол расидан ба манфиатикӯдак аст. Зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани модару кӯдакро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Муқаррароти мазкур давлатро водор месозад, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон тамоми чораҳои заруриро андешад, аз ҷумла, дар ҳама ҳолатҳои душвори зиндагӣ саробонӣ ва таъмини кӯдакон бемаҳдуд бошад. Бо мақсади муҳайё кардани шароити рушду камол ва тарбияи кӯдаки бепарастор дар оила ӯро бо тартиби муқарарнамудаи қонун ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст. Кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳоиҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд барои нигоҳубин, таълиму тарбия ҷобаҷо карда мешаванд. Дар фазои оила ба камол расидани кӯдаки бепарастории падару модармонда тавассути фарзандхондӣ ба роҳ монда мешавад. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки тарбияи кӯдакони бепарастории падару модармонда ба ҳисоб меравад, зеро кӯдак дар канори падару модар, дар оилае, ки шароити муътадил барои зиндагӣ ва тарбия дошта бошад, ба воя мерасад, аз ин рӯ, кӯдакон сазовори ба камол расидан дар муҳити солими оилавӣ мебошанд ва афзалияти ин падида низ дар ин зоҳир мегардад. Қобили қайд аст, ки нақши мақомоти васояту парасторӣ, ки таҳти идоракунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии шаҳрак ва деҳот қарор дорад дар ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастории падару модармонда муҳим аст.
Зеро мақомоти мазкур дар раванди фарзандхондӣ уҳдадор аст шароити зиндагии фарзандхондкунандагонро санҷида дар хусуси ҷой надоштани монеаҳо барои фарзандхондӣ ва ба манфиати кӯдак будан ё набудани он хулоса пешниҳод намояд.
Барномаи таълимӣ (Модул) дар мавзӯи “Фарзандхондӣ ва хусусиятҳои хоси он дар замони муосир” махсусан баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши назариявии ҳуқуқшиносон, кормандони САҲШ, судяҳо прокурор, ва адвокатҳо дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаки фарзандхондшаванда, умуман вобаста ба масъалаҳои фарзандхондӣ мусоидат намуда, метавонад то андозае нақши мусбии худро гузорад.
Машғулиятҳое, ки тибқи барномаи таълимии мазкур гузаронида мешаванд, барои омӯзиши муҳтавои аҳамияти фарзандхондӣ, тартиб ва шартҳои фарзандхондӣ, ҳолатҳое, ки монеаи фарзандхондӣ мегарданд ва номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, бекор ва беэътибории фарзандхондӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он, уҳдадориҳои мақомоти васояту парасторӣ зимни фарзандхондӣ тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи он дар амалия нақши муайян дорад.

0.00 миёна аз асоси 0 рейтинги

5 Ситора
0%
4 Ситора
0%
3 Ситора
0%
2 Ситора
0%
1 Ситора
0%
Ройгон