- 2 хонандаҳо
- 31 дарс(ҳо)
- 2 тест(ҳо)
- 10 ҳафта давомнокӣ
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ОМЎЗИШӢ
Мақсади барномаи омўзишӣ:
- Ҷорисозии фаҳмиши нисбатан пурра ва дурусти масъалаҳои мубрами назариявию амалии шартномаҳо ва гарав;
- Мусоидат дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ дар ҳаёти воқеӣ вобаста ба шартномаҳо ва гарав;
- Баланд бардоштани аҳамияти мушкилоти риояи қонунгузории ҷорӣ ва такмили он тавассути пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ.
Вазифаҳои барномаи омўзишӣ:
- Гузаронидани тренингҳои омўзишӣ вобаста ба масъалаҳои алоҳидаи шартномаҳо ва гарав;
- Арзёбии донишҳо ва малакаи омўзонидашавандагон.
Натиҷаҳои мунтазиршаванда аз барномаи омўзишӣ:
- Бо анҷоми барномаи омўзишӣ иштирокчиёне, ки ба ҷараёни таҳсилот фаро гирифта шуданд, дорои малакаи зерин мегарданд:
- дарки эҷодии паҳлуҳои мухталифи қонунгузории гражданӣ вобаста ба шартномаҳо ва гарав;
- татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ вобаста ба гарав дар шакли расонидани ёрии ҳуқуқии амалӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ба муроҷиаткунандаҳо вобаста ба ёрии ҳуқуқии ройгон;
- истифода ва татбиқи таҷрибаи беҳтари қонунгузории гражданӣ вобаста ба гарав;
- дарки муҳимияти амалишавии дурусти қонунгузории гражданӣ вобаста ба гарав дар таъмини ҳуқуқи инсон.
Усулҳои гузаронидани машғулиятҳо:
Лексияи хурдҳаҷм
Шакли пешниҳоди маводи назариявӣ, ки дилгиркунанда нест. Қабл аз лексияи хурдҳаҷм тўфони фикрӣ ё бозии нақширо вобаста ба мавзўи дарпешистода гузаронидан мумкин аст. Ин мавзўъро барои иштирокчиён фаъол карда метавонад ва барои муайян кардани огоҳмандию муносибат бо он мусоидат мекунад.
Мавод бо забони барои иштирокчиён дастрас баён мегардад. Мафҳуми ҳар як истилоҳ дода мешавад. Назарияро бо роҳи гузариш аз кулл ба ҷузъ фаҳмонидан беҳтар аст.
Иттилоотро пешниҳод карда, истинод ба сарчашмаи ҳуқуқ ва фактҳои воқеӣ муҳим аст, ҳамчунин бояд қайд карда шавад, ки гуфтаҳо хаёлӣ нестанд, балки аз ҷониби мутахассисони соҳа омўхта ва тасвир шудаанд.
Бо анҷоми баромад зарур аст, ки саволҳои бамиёномада муҳокима гарданд, баъдан пурсида шавад, ки иттилооти гирифтаро дар таҷриба чӣ тавр истифода намудан мумкин аст ва ин ба кадом натиҷаҳо оварда мерасонад. Қайд намудан муҳим аст, ки иттилоот ҷиҳати ёрӣ ба иштирокчиён дода мешавад ва ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки дар сурати хоҳиш надоштан гуфтаҳоро пайгирӣ кунад (омили нофаҳмӣ низ имконпазир аст).
Сессияи 1: Мафҳум ва намудҳои шартномаҳо дар ҳуқуқи гражданӣ.
- Пре-тест – МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛЛИ ГАРАВ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
- Сессияи 1: Мафҳум ва намудҳои шартномаҳо дар ҳуқуқи гражданӣ.
- Сессияи 2: Мафҳум ва моҳияти гарав.
- Сессияи 3: Хусусиятҳои гарави молу мулки манқул ва ғайриманкул.
- Сессияи 4: Мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои гаравӣ дар суд.
- Замимаҳо: Варақаи баҳогузории машғулиятҳо, маводи тақсимотӣ.
- Иқтибос аз кодекси граждании ҶТ.
- Боби 1. Муқаррароти умумӣ.
- Боби 2. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ.
- Боби 3. Сармоя.
- Боби 4. Идоракунии ташкилотҳои қарзӣ.
- Боби 5. Танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
- Боби 6. Ҳисобдорӣ ва ҳисоботи молиявӣ.
- Боби 7. Аудит.
- Боби 8. Махфият.
- Боби 9. Назорат ва санҷиш.
- Боби 10. Муқаррароти хотимавӣ.
- Боби 21. Иҷрои ӯҳдадориҳо.
- Боби 22 Таъмини иҷрои ӯҳдадори §1. Муқаррароти умумӣ.
- Боби 23. Иваз шудани шахс дар ӯҳдадорӣ § 1. Гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар.
- Боби 24 . Масъулияти вайрон кардани ӯҳдадорӣ.
- Боби 25. Қатъи ӯҳдадорӣ.
- Зерфасли 2. Муқаррароти умумӣ оид ба шартнома. Боби 26. Мафҳум ва мазмуни шартнома.
- Боби 27. Бастани шартнома.
- Боби 28. Тағйир додан ва бекор кардани шартнома.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистондар бораи қабул кардани қисми якуми кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ.
- Қарори пленуми суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Бо се мисол вобаста ба сессияи 3.
- Замимаи №2. Варақаи баҳогузории машғулиятҳо.
- Презентатсияи 4.
- Видео 4
- Пост тест – МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛЛИ ГАРАВ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
0.00 миёна аз асоси 0 рейтинги