Мушкилоти асосии ҳуқуқҳои моликиятӣ ва дигар ҳуқуқҳои ашёӣ.

administrator
  • 1 хонанда
  • 13 дарс(ҳо)
  • 1 тест(ҳо)
  • 10 ҳафта давомнокӣ
1 хонанда

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ  БАРНОМАИ ОМЎЗИШӢ

 

Мақсади барномаи омўзишӣ:

  • Ҷорисозии фаҳмиши нисбатан пурра ва дурусти масъалаҳои мубрами назариявию амалии ҳуқуқҳои ашёӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
  • Мусоидат дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ дар ҳаёти воқеӣ вобаста ба ҳуқуқҳои ашёӣ;
  • Баланд бардоштани аҳамияти мушкилоти риояи қонунгузории ҷорӣ ва такмили он тавассути пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ.

 

Вазифаҳои барномаи омўзишӣ:

  • Гузаронидани тренингҳои омўзишӣ вобаста ба масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқҳои ашёӣ;
  • Арзёбии донишҳо ва малакаи омўзонидашавандагон.

 

Натиҷаҳои мунтазиршаванда аз барномаи омўзишӣ:

  • Бо анҷоми барномаи омўзишӣ иштирокчиёне, ки ба ҷараёни таҳсилот фаро гирифта шуданд, дорои малакаи зерин мегарданд:
  • дарки эҷодии паҳлуҳои мухталифи қонунгузории гражданӣ вобаста ба ҳуқуқҳои ашёӣ;
  • татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ вобаста ба ҳуқуқҳои ашёӣ дар шакли расонидани ёрии ҳуқуқии амалӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ба муроҷиаткунандаҳо вобаста ба ёрии ҳуқуқии ройгон;
  • истифода ва татбиқи таҷрибаи беҳтари қонунгузории гражданӣ вобаста ба ҳуқуқҳои ашёӣ;
  • дарки муҳимияти амалишавии дурусти қонунгузории гражданӣ вобаста ба ҳуқуқҳои ашёӣ дар таъмини ҳуқуқи инсон.

 

Усулҳои гузаронидани машғулиятҳо:

 

Лексияи хурдҳаҷм

Шакли пешниҳоди маводи назариявӣ, ки дилгиркунанда нест. Қабл аз лексияи хурдҳаҷм тўфони фикрӣ ё бозии нақширо вобаста ба мавзўи дарпешистода гузаронидан мумкин аст. Ин мавзўъро барои иштирокчиён фаъол карда метавонад ва барои муайян кардани огоҳмандию муносибат бо он мусоидат мекунад.

Мавод бо забони барои иштирокчиён дастрас баён мегардад. Мафҳуми ҳар як истилоҳ дода мешавад. Назарияро бо роҳи гузариш аз кулл ба ҷузъ фаҳмонидан беҳтар аст.

Иттилоотро пешниҳод карда, истинод ба сарчашмаи ҳуқуқ ва фактҳои воқеӣ муҳим аст, ҳамчунин бояд қайд карда шавад, ки гуфтаҳо хаёлӣ нестанд, балки аз ҷониби мутахассисони соҳа  омўхта ва тасвир шудаанд.

Бо анҷоми баромад зарур аст, ки саволҳои бамиёномада муҳокима гарданд, баъдан пурсида шавад, ки иттилооти гирифтаро дар таҷриба чӣ тавр истифода намудан мумкин аст ва ин ба кадом натиҷаҳо оварда мерасонад. Қайд намудан муҳим аст, ки иттилоот ҷиҳати ёрӣ ба иштирокчиён дода мешавад ва ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки дар сурати хоҳиш надоштан гуфтаҳоро пайгирӣ кунад (омили нофаҳмӣ низ имконпазир аст).

0.00 миёна аз асоси 0 рейтинги

5 Ситора
0%
4 Ситора
0%
3 Ситора
0%
2 Ситора
0%
1 Ситора
0%
Ройгон