ДАР БОРАИ МО
Бо кадом мақсад лоиҳа “Дастрасӣ ба адолат” ном дорад?
Раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқии инсон дар назди ҳукумати Тоҷикистон идома дорад, аммо бисёр шаҳрвандон, хусусан занон ва ҷавонони минтақаҳои дурдаст бояд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худро талаб кунанд.
Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен дар консорсиум бо БРСММ лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат»-ро, ки соли 2012 оғоз шудааст, бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария амалӣ менамояд.
Лоиҳа ба беҳтар намудани дастрасӣ ба адолат тавассути дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти системаи судӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ саҳм мегузорад.
Ҳадафи Лоиҳа ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ба аҳолии осебпазир равона карда шуда, ба онҳо даъвои судӣ дар системаи дастрас ва самаранокии адолати судӣ имкон медиҳад. Ҳукумат бошад дорои қобилияти расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқиро дошта, шаҳрвандонро ба муколамаи иҷтимоӣ ҷалб менамояд.
Мақсади нахустини лоиҳа ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад, то ин ки онҳо тавонанд мушкилиҳои ҳуқуқии марбут ба қонуни оиларо (масалан, қайди ақди никоҳ дар САҲШ) пешгирӣ намоянд.
Лоиҳа норасоии дастрасӣ ба адолати судиро барои қишри камбизоат ва осебпазири ҷомеа дастрас гардонда, нерӯи мақомоти маҳаллӣ ва миллиро дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия тақвият мебахшад.
Мақсади дуюми лоиҳа истифодаи муносибати дурусти тарафайн дар самти дастгирии ислоҳоти волоияти қонун бо пешниҳоди кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ тавассути марказҳои ёрии ҳуқуқӣ (МЁҲ) мебошад.
Лоиҳа чӣ гуна кор мекунад
Лоиҳа тавассути Вазорати адлия, Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ва ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ амал менамояд. Дар 44 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби лоиҳа маблағгузорӣ карда мешаванд. Саводнокии ҳуқуқӣ ва огоҳии ҳуқуқӣ тавассути механизмҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, маъракаҳои иттилоотӣ дар телевизион, радио, матбуот ва васоити иҷтимоӣ паҳн гардида, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҷаласаҳои иттилоотии ҳуқуқӣ дар ҷамоатҳо ташкил карда мешаванд. Таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ», роҳбаладони ҷомеа ба аъзоёни ҷомеа маълумоти ҳуқуқӣ мерасонанд.
Сомонаи www.helvetas–donish.tj барои такмили ихтисос ва таълими кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» омода карда шудааст.
Дастурамал барои истифодабаранда: