- 1 хонанда
- 15 дарс(ҳо)
- 2 тест(ҳо)
- 10 ҳафта давомнокӣ
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ОМЎЗИШӢ
Мақсади барномаи омўзишӣ:
- Ҷорисозии фаҳмиши нисбатан пурра ва дурусти масъалаҳои мубрами ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумуклӣ;
- Мусоидат дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ дар ҳаёти воқеӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ;
- Баланд бардоштани аҳамияти мушкилоти риояи қонунгузории ҷорӣ ва такмили он тавассути пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ.
Вазифаҳои барномаи омўзишӣ:
- Гузаронидани тренингҳои омўзишӣ вобаста ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ;
- Арзёбии донишҳо ва малакаи омўзонидашавандагон.
Натиҷаҳои мунтазиршаванда аз барномаи омўзишӣ:
- Бо анҷоми барномаи омўзишӣ иштирокчиёне, ки ба ҷараёни таҳсилот фаро гирифта шуданд, дорои малакаи зерин мегарданд:
- дарки эҷодии паҳлуҳои мухталифи қонунгузории гражданӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ;
- татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ дар шакли расонидани ёрии ҳуқуқии амалӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ба муроҷиаткунандаҳо вобаста ба ёрии ҳуқуқии ройгон;
- истифода ва татбиқи таҷрибаи беҳтари қонунгузории гражданӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ;
- дарки муҳимияти амалишавии дурусти қонунгузории гражданӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ дар таъмини ҳуқуқи инсон.
Усулҳои гузаронидани машғулиятҳо:
Лексияи хурдҳаҷм
Шакли пешниҳоди маводи назариявӣ, ки дилгиркунанда нест. Қабл аз лексияи хурдҳаҷм тўфони фикрӣ ё бозии нақширо вобаста ба мавзўи дарпешистода гузаронидан мумкин аст. Ин мавзўъро барои иштирокчиён фаъол карда метавонад ва барои муайян кардани огоҳмандию муносибат бо он мусоидат мекунад.
Мавод бо забони барои иштирокчиён дастрас баён мегардад. Мафҳуми ҳар як истилоҳ дода мешавад. Назарияро бо роҳи гузариш аз кулл ба ҷузъ фаҳмонидан беҳтар аст.
Иттилоотро пешниҳод карда, истинод ба сарчашмаи ҳуқуқ ва фактҳои воқеӣ муҳим аст, ҳамчунин бояд қайд карда шавад, ки гуфтаҳо хаёлӣ нестанд, балки аз ҷониби мутахассисони соҳа омўхта ва тасвир шудаанд.
Бо анҷоми баромад зарур аст, ки саволҳои бамиёномада муҳокима гарданд, баъдан пурсида шавад, ки иттилооти гирифтаро дар таҷриба чӣ тавр истифода намудан мумкин аст ва ин ба кадом натиҷаҳо оварда мерасонад. Қайд намудан муҳим аст, ки иттилоот ҷиҳати ёрӣ ба иштирокчиён дода мешавад ва ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки дар сурати хоҳиш надоштан гуфтаҳоро пайгирӣ кунад (омили нофаҳмӣ низ имконпазир аст).
Сессияи 1: Мафҳум ва хусусиятҳои ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ.
- Пре-тест -ҲУҚУҚҲОИ ШАХСИИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО.
- Сессияи 1: Мафҳум ва хусусиятҳои ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ.
- Сессияи 2: Намудҳои ҳуқуқҳои ғайримолумулки.
- Сессияи 3: Ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ.
- Сессияи 4: Хусусиятҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ.
- Замимаҳо: Варақаи баҳогузории машғулиятхои, маводи тақсимотӣ.
- Иқтибос аз кодекси граждании ҶТ.
- Фасли V. Моликияти зеҳнӣ Боби 57. Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти зеҳнӣ.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он.
- Боби I. Муқаррароти умуми.
- Боби II. Ҳуқуқи муаллиф.
- БОБИ III. Ҳуқуқҳои вобаста ба он.
- Боби IV. Идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои амволи.
- Боби V. Ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он.
- Презентатсияи 3.
- Видео 3
- Пост тест -ҲУҚУҚҲОИ ШАХСИИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО.
0.00 миёна аз асоси 0 рейтинги