- 1 хонанда
- 16 дарс(ҳо)
- 2 тест(ҳо)
- 10 ҳафта давомнокӣ
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ОМЎЗИШӢ
Мақсади барномаи омўзишӣ:
- Ҷорисозии фаҳмиши нисбатан пурра ва дурусти фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;
- Мусоидат дар татбиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти воқеӣ дар иртибот бо фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;
- Баланд бардоштани аҳамияти мушкилоти риояи қонунгузории ҷорӣ ва такмили он тавассути пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ.
Вазифаҳои барномаи омўзишӣ:
- Гузаронидани тренингҳои омўзишӣ вобаста ба масъалаҳои алоҳидаи фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;
- Арзёбии донишҳо ва малакаи омўзонидашавандагон.
Натиҷаҳои мунтазиршаванда аз барномаи омўзишӣ:
- Бо анҷоми барномаи омўзишӣ иштирокчиёне, ки ба ҷараёни таҳсилот фаро гирифта шуданд, дорои малакаи зерин мегарданд:
- дарки эҷодии паҳлуҳои мухталифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;
- татбиқи меъёрҳои қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии гражданӣ вобаста ба фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд ва пешниҳоди тавсияҳо ба муроҷиаткунандаҳо вобаста ба ёрии ҳуқуқии ройгон;
- истифода ва татбиқи таҷрибаи беҳтари қонунгузорӣ вобаста ба фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;
- дарки муҳимияти амалишавии дурусти қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии гражданӣ вобаста ба фактҳое, ки ахамияти ҳуқуқӣ доранд, дар таъмини ҳуқуқи инсон.
Лексияи хурдҳаҷм
Шакли пешниҳоди маводи назариявӣ, ки дилгиркунанда нест. Қабл аз лексияи хурдҳаҷм тўфони фикрӣ ё бозии нақширо вобаста ба мавзўи дарпешистода гузаронидан мумкин аст. Ин мавзўъро барои иштирокчиён фаъол карда метавонад ва барои муайян кардани огоҳмандию муносибат бо он мусоидат мекунад.
Мавод бо забони барои иштирокчиён дастрас баён мегардад. Мафҳуми ҳар як истилоҳ дода мешавад. Назарияро бо роҳи гузариш аз кулл ба ҷузъ фаҳмонидан беҳтар аст.
Иттилоотро пешниҳод карда, истинод ба сарчашмаи ҳуқуқ ва фактҳои воқеӣ муҳим аст, ҳамчунин бояд қайд карда шавад, ки гуфтаҳо хаёлӣ нестанд, балки аз ҷониби мутахассисони соҳа омўхта ва тасвир шудаанд.
Бо анҷоми баромад зарур аст, ки саволҳои бамиёномада муҳокима гарданд, баъдан пурсида шавад, ки иттилооти гирифтаро дар таҷриба чӣ тавр истифода намудан мумкин аст ва ин ба кадом натиҷаҳо оварда мерасонад. Қайд намудан муҳим аст, ки иттилоот ҷиҳати ёрӣ ба иштирокчиён дода мешавад ва ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки дар сурати хоҳиш надоштан гуфтаҳоро пайгирӣ кунад (омили нофаҳмӣ низ имконпазир аст).
Сессияи 1: Муқаррароти умумӣ оид ба фактҳои ҳуқуқӣ: Мафҳум ва намудҳо.
- Пре-тест -ФАКТҲОЕ, КИ АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚӢ ДОРАНД.
- Сессияи 1: Муқаррароти умумӣ оид ба фактҳои ҳуқуқӣ: Мафҳум ва намудҳо.
- Сессияи 2: Муқаррар намудани фактхое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, дар суд.
- Сессияи 3: Намудҳои алоҳидаи фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд.
- Сессияи 4: Мушкилоти муқаррар намудани фактҳое, ки аҳмияти ҳуқуқӣ доранд, дар суд.
- 9. Замимаҳо: Варақаи баҳогузории машғулиятҳо, маводи тақсимоти.
- Иқтибос аз КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон Боби 28. Муқаррар намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ.
- Боби 29. Фарзандхондии кудак.
- Боби 30. Бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд ё фавтида эълон кардани шаҳрванд.
- Боби 31. Ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд.
- Боби 32. Дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ (эмансипасия).
- Боби 33. Бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти комуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб.
- Боби 34. Барқарор кардани ҳуқуқ ба коғазҳои қимматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда ва коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда (мурофиаи даъватӣ).
- Қарори пленуми суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1.
- Замимаи №2. Варақаи баҳогузории машғулиятҳо.
- Презентатсияи 2.
- Видео 2
- Пост тест -ФАКТҲОЕ, КИ АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚӢ ДОРАНД.
0.00 миёна аз асоси 0 рейтинги