Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.

administrator
Ҳуқуқи оилавӣ
  • 6 хонандаҳо
  • 6 дарс(ҳо)
  • 2 тест(ҳо)
  • 10 ҳафта давомнокӣ
6 хонандаҳо

1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ОМӮЗИШӢ

Мақсади омӯзиши мавзӯи мазкур:

• Моҳият ва аҳамияти асосҳои ба миён омадани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар нисбати фарзанд, баробар будани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тартиб додани аризаҳои даъвогӣ ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо оиди ҳуқуқ ба тарбияи фарзанд, асосҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он, инчунин асосҳои барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ, ҳимояи онҳо дар суд тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҶТ ва дар амалия истифода намудани донишҳои андӯхта.

•Ёрии ҳуқуқии касбӣ расонидан ҳангоми додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, тартиб додани аризаҳо оиди ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, аз Ҷумла муқаррар намудани ҷои зисти фарзанд, муайян намудани тартиби муошират бо фарзанд, муқаррар намудани падарӣ, муқаррар намудани далели эътирофи падарӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ва бекор кардани онҳо, оқибатҳои ҳуқуқии онҳо ва ҳимояи ҳуқуқи падару модарӣ, ҳамзамон иштирок дар суд.

•Татбиқи дурусти Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар қонунҳо ҳангоми тартиб додани аризаҳо, аризаҳои даъвогӣ оиди баҳсҳо оиди ҳуқуқ ва уҳдадориҳо оиди тарбияи фарзанд, дуруст муайян намудани ҳолатҳое, ки монеаи муошират бо фарзанд, муқаррар намудани ҷои зисти фарзанд бо падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунанд, ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар, ҳамзамон иштирок дар суд вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои падару модар, кӯдак, инчунин ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар мақомоти САҲШ, омӯзиш ва таҳлили хулосаҳои мақомоти васояту парасторӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва татбиқи он дар амалия.

•Баланд бардоштани аҳамияти риояи қонунгузории амалкунанда дар амалия ва пешниҳоди таклифу тавсияҳо бо мақсади такмили он, тағйиру иловаҳо ва пешниҳоди онҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ.
•Гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.
•Арзёбии донишҳо ва малакаи шунавандагон.

Натиҷаҳои мунтазиршаванда аз барномаи омӯзишӣ:
 Бо анҷоми барномаи омӯзишӣ иштирокчиёне, ки ба ҷараёни таҳсилот фаро гирифта шуданд, дорои малакаи зерин мегарданд:
• дарки эҷодии паҳлуҳои мухталифи қонунгузории оилавӣ вобаста ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;
• татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ вобаста муқаррар намудани Ҷҷи зисти фарзанд, муайян намудани тартиби муошират бо фарзанд, муқаррар намудани падарӣ, муқаррар намудани далели эътирофи падарӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ва оқибатҳои он, бекор кардани онҳо, тартиб додани аризаҳо, аризаҳои даъвогӣ, шикоятҳои кассатсионӣ, назоратӣ ва ҷамъоварии дигар далелҳо дар шакли расонидани ёрии ҳуқуқии амалӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ба муроҷиаткунандаҳо вобаста ба ин масъалаҳо;
• истифода ва татбиқи таҷрибаи беҳтари қонунгузории оилавӣ оиди ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар оиди таълиму тарбияи фарзанд; таъмини ҳимояи ҳуқуқи падару модар дар масъалаҳои вобаста ба кӯдак;

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда:

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак .
3.Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон .- Душанбе“Шарқи озод”, 2009.
4. А.М.Нечаева. Ҳуқуқи оила. Москва.Юрист.2008.
5.Усмонов О.У. Никоҳ, оила, ахлоқ ва қонун.-Д.:Ирфон, 1994.
6. Маҳмудзода М., Худоёрзода Б. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”,2015.
7. Усмонов О., М.Маҳмудов. Ҳуқуқи оилавии ҶТ. Китоби дарсӣ.-Душанбе, 1994.
8. Маҳмудов М.А. Никоҳ: ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон.-Душанбе, Маориф, 1996
9.Тагайназаров Ш.Т. Гражданско-правовое регулирование личных, неимущественных прав гражан СССР.-Душанбе, Дониш, 1990.
10.Кодекси оилаи ҶумҳурииТоҷикистон
11. Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”, 2013.Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
13.Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе“ЭР-граф”, 2013.
14.Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”-Душанбе“ЭР-граф”, 2019.
15.Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-Душанбе“Империал-Групп”, 2012.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии истифодашуда:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, 2011.
2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” 2006.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, 2015.
4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», 2004.

Қарорҳои Пленуми Суди Олии Тоҷикистон
1. Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста бо тарбияи фарзандон” аз 2 октябри соли 2003 №16.
2. Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ “аз 29 майи соли 2003, №10.
3. Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба парвандаҳо оид ба фарзандхондӣ” аз 2 октябри соли 2003 №17.
4. Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон “Дар бораи парвандаҳои оилавие, ки аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд» аз 23 июни соли 2010, №31.
—————————————————————————-
Қурбонов Н. “Тарбияи фарзанд- рисолати муқаддаси волидон” рӯзномаи “Мароми пайтахт” №13\554 аз 03.04.2019.

МУҚАДДИМА

Дар асоси моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Аз ин ҷо, кӯдак ҳамчун аъзои оила ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ намояд. Кӯдак ба меҳрубониву ғамхории падару модар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъни инсониаш ҳуқуқ дорад.
Дар оила кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ, руҳӣ, ахлоқӣ инкишоф ва ба камол мерасад. Падару модар нисбати кӯдак бояд баробар муносибат намоянд ва шароити муътадил барои зиндагӣ ва таълиму тарбияи ӯ фароҳам оранд. Ҳамзамон, падару модар барои тарбия ва таълими фарзанд уҳдадоранд, зеро тарбияи фарзанд ба гуруҳи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар мансуб мебошад.
Тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оиладорӣ зану шавҳар баробарҳуқуқанд ва падару модар дар тарбияи фарзанд масъул мебошанд. Аз ин лиҳоз, падару модар дар тарбия ва ба камол расонидани фарзанд масъулият ва ҷавобгарии баробарро доранд.
Кӯдакон аз ҷониби давлат ба ҳимояи махсус фаро гирифта шудаанд, новобаста ба ин падару модар масъулият дошта, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомӯзии фарзандонашон бояд ғамхорӣ намоянд. Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар оид ба тарбияву таълими кӯдак ё сӯиистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни 14-солагӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат намояд.
Аз ин ҷо ба хулоса меоем, ки падару модар дар тарбия ва таълими ҳамаҷонибаи фарзандон, дар навбати худ фарзандон барои нигоҳубини падару модар дар пиронсолӣ ва корношоямиву эҳтиёҷмандӣ масъулият ва ҷавобгарии баробарро доранд.
Умуман, вазифаи муҳимтарини оила ин муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадилу тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак пеш аз ҳама, ба зиммаи падару модар гузошта шудааст. Ҳуқуқи иштироки падару модар дар ҳалли масъалаҳои тарбияи фарзандон асосан дар шаклҳои зерин ба амал бароварда мешаванд: тарбияи ҳаматарафаи фарзандон, додани ному насаб ба фарзандон, муайян кардани ҷои истиқомати фарзандони ноболиғ, талаб карда гирифтани фарзандон аз дигар шахсе, ки ғайриқонунӣ онҳоро нигоҳ медорад ва ғайраҳо.
Нақши мақомоти васояту парасторӣ, ки таҳти идоракунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии шаҳрак ва деҳот қарор дорад дар ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон муҳим аст. Зеро ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва тарбияи кӯдакон дар ҳолатҳои аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тӯлони набудани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби падару модар рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, ҳолатҳои дигари набудани парастории падару модар ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, нақши мақомоти мазкур дар баамалбароии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва ҳам падару модар вобаста ба тарбияву таълими фарзанд муҳим аст.
Барномаи таълимӣ (Модули) дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши назариявии ҳуқуқшиносон, адвокатҳо дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ба амалбароии ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мусоидат намуда, метавонад то андозае метавонад нақши мусбии худро гузорад.
Машғулиятҳое, ки тибқи барномаи таълимии мазкур гузаронида мешаванд, барои омӯзиши муҳтавои ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳолатҳое, ки монеаи муошират бо фарзанд мегарданд, муқаррар намудани ҷои зисти фарзанд бо падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунанд, ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар ва амалӣ намудани онҳо, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, барқарор намудани ин ҳуқуқҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷуҳ вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар ва татбиқи дурусти меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда мусоидат менамояд.

  • Сессияи 1. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар нисбати фарз.анд.

0.00 миёна аз асоси 0 рейтинги

5 Ситора
0%
4 Ситора
0%
3 Ситора
0%
2 Ситора
0%
1 Ситора
0%
Ройгон